28 сентябр дар Муассисаи таҳсилоти умумии асосии №6 ноҳияи Варзоб дар доираи лоиҳаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) «Мустаҳкамкунии иқтидор ва тақвияти савияи дониши аҳолии маҳал оид ба омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) маблағгузорӣ мегардад, машқи амалӣ баргузор карда шуд.
Дар он кормандони дастгоҳи марказии ҶҲАТ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, шуъбаи барқи ноҳия, ёрии таъҷилӣ ва омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти болозикр иштирок доштанд.
Зимни машқи амалӣ ба хонандагону омӯзгорони муассиса роҳҳои вокуниш дар сурати сар задани офатҳои табиӣ, садама ва расонидани ёрии аввалияи тиббӣ фаҳмонида шуданд.
Иштирокчиён баъд аз корҳои фаҳмондадиҳӣ расонидани ёрии аввали тиббиро ба нафароне, ки бар асари офати табиӣ ва садамаву сухтор маҷруҳ гардидаанд, машқ карданд.
Дар рафти машқ баробари садо додани бонги хатар ба ҷои ҳодиса (майдони варзишии муассисаи таҳсилот) пайи ҳам мошинҳои оташнишонӣ, ёрии таъҷилӣ, КҲФ ва МГ, ҶҲАТ ва милитсия ворид гардиданд.
Хонандагон аз рӯи нақшаи эвакуатсионӣ бо кумаки ихтиёрон ва омӯзгорон аз мактаб ба ҷои бехатар бо навбат бароварда шуданд.
Аз дохили бинои мактаб ҷабрдида, ки аз дасташ хун мерафт, аз тарафи ихтиёри ба ҷои безарар интиқол карда шуда, ду нафар аъзои КМ ба ӯёрии аввал расониданд ва ба мошини ёрии таъчилӣ интиқол доданд. Ҷабрдидаеро, ки устухони пояш шикаста буд, ихтиёриён ором карда, ба пояш шина гузоштанд ва ба воситаи занбарак ба кормандони ёрии таъҷилӣ супориданд. Инчунин дар рафти машқ ихтиёриён ба нафаре, ки бар асари садама зери чархи нақлиёт монда буд, кумаки аввалияи тиббӣ расонида, баъдан ӯро ба воситаи занбарак ба ёрии таъҷилӣ интиқол доданд.
Дар мавзеи сӯхтор оташнишонон воситаҳои заруриро омода карда, сӯхторро хомӯш карданд. Ихтиёрон барои кумак ба ҷабрдида дуртар аз ҷои сӯхтор истода, як нафар ҷабрдидаро одеяло печонид ва ба ӯро барои расонидани кумаки аввалияи тиббӣ ва психорлогӣ ба назди ихтиёрон бурд.
Ҳамчунин ба осебдидае, ки дар натиҷаи ба симчӯби қувваи барқ бархӯрдани воситаи нақлиёт ҷароҳат бардошт, аз ҷониби ихтёирӣ кумаки лозима расонида шуд.
Дар хотимаи машқ ҳамаи иштирокчиён аз ҷониби шахсони мутасаддӣ баҳогузорӣ гардиданд.