Баргузории машқҳои амалӣ оид ба омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода

0
1837

2-3 июни соли 2022 дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд машқҳои амалӣ оид ба омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода барои кормандон ва волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх баргузор мегарданд.
Имрӯз чорабиниро намояндагони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ҳусни оғоз бахшиданд. Сипас масъулон баромадҳои соҳавӣ доир намуданд. Чорабини мувофиқи рӯзнома идома дорад.