8 апрели соли 2022 дар бинои кории Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Филиал дар семоҳаи аввали соли 2022 баргузор гардид.
Дар кори маҷлис намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, котибони иҷроияи филиалҳои ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, кормандони дохилӣ ва барномавии Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Маҷлис таҳти сарварии Раиси Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд Қурбонҷон Мирзоева доир гашт.
Аз рӯи масъалаи якуми маҷлис Ҳисоботи Котиби иҷроияи Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода “Оид ба фаъолияти Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2022” шунида шуд. Қайд гардид, ки филиалҳои ҶҲАТ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо давоми семоҳаи аввал (январ-март)-и соли 2022 фаъолияти хешро дар асоси Оинномаи Ҷамъият ва принсипҳои бунёдии хеш, нақшаи кории қаблан тасдиқгардида, дастуру супоришҳои Котиби генералии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мӯҳтарам Қурбониён Б.Б. ва ДИ КМ ҶҲАТ ба роҳ монд.
Дар давраи ҳисоботӣ якҷоя бо 16 котибони иҷроияи филиалҳои ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба мақсаду маром ва фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, ҳамагӣ 33 вохӯрӣ, 105 чорабинии гуногуни иҷтимоию хайриявӣ, фарҳангӣ ва варзишӣ дар корхонаву муассисаҳо, донишгоҳҳо, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ташкил ва баргузор карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 23 фоиз зиёд мебошад.
Илова карда шуд, ки дар миқёси вилояти Суғд дар ҳолати 1-уми апрели соли 2022-юм 373 ташкилоти ибтидоӣ, ки дар сафҳои худ 6 836 нафар аъзоёнро муттаҳид менамояд, фаъолият карда истодаанд, ки шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ назар ба ҳамин давраи соли 2021 – 24 адад ё худ 11 фоиз афзудааст. Шумораи аъзои ҶҲАТ дар миқёси вилоят ба 6 836 нафар расидааст, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2021 ба 6 513 нафар баробар буд ва афзоиш 13 фоизро нишон дод. Шумораи волонтёрони ҶҲАТ дар миқёси вилоят ба 2 905 нафар расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 12 фоиз зиёд аст.
Ҳамин тавр, шумораи аъзо, волонтёрон ва ташкилоти ибтидоӣ дар филиалҳои ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо кӯшишу ғайрати кормандони филиалҳо ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти оинномавӣ афзудааст. Дар умум дар миқёси вилоят дар семоҳаи аввали соли 2022 шумораи аъзоён 13 фоиз, волонтёрон 12 фоиз ва ташкилотҳои ибтидоӣ 11 фоиз афзудаанд.
Дар давоми семоҳаи аввали соли 2022 ба филиалҳои ҶҲАТ дар шаҳру навоҳӣ ҳамагӣ 537 ариза – муроҷиати шаҳрвандон, бахусус 91 ариза ба унвони Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд ворид шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2021-ум 21 фоиз зиёд мебошад. Аз он 7 ариза барои баррасӣ ба филиалҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол гардида, 84 ариза аз ҷониби Котиби иҷроияи Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд баррасӣ ва аз ҷумлаи муроҷиаткунандагон 78 нафарашон бо маводҳои хӯрока таъмин карда шуданд.
Дар идомаи маҷлис ҳисоботи Котиби иҷроияи Филиали ҶҲАТ дар шаҳри Исфара Меҳрӣ Алиматова “Оид ба фаъолияти Филиали ҶҲАТ дар шаҳри Исфара дар семоҳаи аввали соли 2022” шунида шуда, масъалаҳои ташкил ва гузаронидани Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (моҳи май), омодагӣ ба Ҷашни 95-солагии таъсисёбии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (моҳи декабр), Фармоиши Котиби иҷроияи Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд “Дар бораи таъсиси комиссияи корӣ дар назди Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд” таҳти № 23 аз 4.04.2022 мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд. Аз ҷониби аъзои раёсат ва иштирокдорони маҷлис аз рӯи ҳамаи масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар фарҷоми кори маҷлис намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзотоҳир Набиев сухан карда, фаъолияти Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд қаноатбахш ва дар байни дигар ҷамъияту ташкилотҳои вилоят намунавӣ арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ба фаъолияти Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд таваҷҷӯҳи хоса зоҳир ва ҳар як иқдому ташаббусҳои неку созандаи онро дастгирӣ менамояд.
Пас аз вазифагузориҳо ба кормандон, маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2022 ба итмом расид.
Маркази иттилоотии ЧХАТ, 11 апрели соли 2022