8 апрели соли 2021 дар бинои кории Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Бахш дар семоҳаи аввали соли 2021 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) Муноҷот Шумқоров, котибони иҷроияи бахшҳои ҶҲАТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, кормандони дохилӣ ва барномавии Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Маҷлис таҳти сарварии Раиси озоди Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд Қурбонҷон Мирзоева доир гашт.
Дар аввал ҳисоботи Котиби иҷроияи Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода “Оид ба фаъолияти Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2021” шунида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ якҷоя бо 14 котибони иҷроияи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро доир ба мақсаду маром ва фаъолияти ҶҲАТ ҳамагӣ 23 вохӯрӣ, 78 чорабинии гуногуни иҷтимоию фарҳангӣ ва варзишӣ дар донишгоҳҳо, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, мактаб-интернатҳо, инчунин баромад тавассути радио ва телевизионҳо, чопи мақолаҳо дар рӯзномаҳои вилоятиву маҳаллӣ сурат гирифтанд, ки нисбат ба соли 2020-ум 16 % зиёд мебошад.
Аз ҷониби худи кормандони Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд – 13 чорабинии гуногун гузаронида шуданд, аз ҷумла, чорабиниҳои хайриявӣ – 8 адад, ки нисбат ба соли 2020-ум 11% зиёд мебошад, чорабинии фарҳангӣ – 3 адад ва чорабинии варзишӣ – 3 ададро ташкил дод.
Дар миқёси вилояти Суғд дар ҳолати моҳи апрели соли 2021-ум 349 ташкилоти ибтидоӣ, ки дар сафҳои худ 6513 нафар аъзоёнро муттаҳид менамояд, фаъолият бурда истодаанд, ки шумораи ташкилотҳои ибтидоӣ назар ба соли 2020 – 3 адад афзоиш ёфтааст. Яъне, шумораи аъзои ҶҲАТ дар миқёси вилояти Суғд ба 6513 нафар расидааст, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2020 ба 6331 нафар баробар буд ва афзоиш 9 %-ро нишон дод.
Дар умум дар миқёси вилояти Суғд дар давоми семоҳаи аввали соли 2021 шумораи аъзоён 9%, волонтёрон 5% ва ташкилотҳои ибтидоӣ 4% афзудаанд.
Бояд қайд намуд, ки чорабинии бузурги хайриявии семоҳаи аввали соли равон ин тақсимоти кӯмаки башардӯстона дар намуди бастаи маводи хӯрока, мошини дарздӯзӣ ва бастаи гигиенӣ ба шумораи зиёди шаҳрвандони ниёзманд аз шаҳру ноҳияҳои мақсадноки вилояти Суғд: Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен буд. Чорабинии мазкур дар асоси нақшаи тасдиқгардидаи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар доираи Лоиҳаи “Андешидани чораҳои зарурӣ бо мақсади пешгирии сироятёбӣ аз коронавирус (COVID-19) дар Тоҷикистон” сурат гирифт.
Кӯмаки беғаразонаю башардӯстонаи мазкур бо ташаббуси неки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии молиявии Федератсияи байналмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶСС ва ҲА), Салиби Сурхи Канада, Ҷамъияти кӯмакрасони Британияи Кабир аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд ва бахшҳои шаҳру ноҳияҳои болозикр саривақт ба ниёзмандон расонида шуд.
Ҳадафи асосии ин дастгирӣ ва ғамхорӣ нисбат ба гирифторони бемориҳои сил, Вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО), хушунат дар оила ва ниёзмандон ба шумор рафт. Тибқи нақша ба 755 оилаи ниёзманд аз шаҳру ноҳияҳои мақсадноки вилояти Суғд: Хуҷанд, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Спитамен дар 2 марҳила бастаи маводи хӯрока ва ба 90 оилаи ниёзманди шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров ва Спитамен, бахусус ба мубталоёни бемориҳои зикршуда мошини дарздӯзӣ бо тамоми маводи зарурӣ, аз қабили матоъ, ришта, сӯзан ва қайчӣ тақсим карда шуданд.
Ҳарчанд чор бахш аз ӯҳдаи иҷрои нақшаи оинномавӣ ва молиявӣ набаромаданд ва нақшаи худро сари вақт таъмин карда натавонистанд, иҷроиши нақшаи молиявии Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2021-ум 80,1 фоиз таъмин гардид.
Сипас гузориши сармуҳосиби Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд Мукаррама Ибодуллоева оид ба иҷрои нақшаи молиявӣ дар семоҳаи аввали соли 2021 шунида шуд ва вобаста ба он қарори дахлдор қабул гардид.
Дар идомаи маҷлис масъалаҳои ташкил ва гузаронидани Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (моҳи май), ба иҷора додани ҳавлии истиқоматии воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Д. Аҳмадбеков 100 ва замини назди Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуданд. Аз рӯи ҳамаи масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар фарҷоми кори маҷлис намояндаи ҶҲАТ Муноҷот Шумқоров сухан ронда, фаъолияти Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд ва бахшҳои шаҳриву ноҳиявии ҶҲАТ-ро дар миқёси ҷумҳурӣ ва барои бахшҳои ҶҲАТ дар минтақаву вилоятҳои дигари кишвар намунавӣ арзёбӣ намуд.
Пас аз вазифагузориҳо ба кормандон, маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд дар семоҳаи аввали соли 2021 ба итмом расид.