7 майи соли 2024 дар шахри Душанбе мизи мудаввар бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияхои тобеи ҷумҳурӣ ва котибони иҷроияи филиалҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба рушд ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои тарафайн баргузор гардид.
Чорабиниро Дилором Мирова, муовини котиби генералии ҶҲАТ ва Пьер Эммануэль, сарвари намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон ҳусни оҳоз бахшиданд.
Баъди оғози чорабинӣ аз ҷониби Амнзода Нодир, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ”оид ба Ҳараркати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва фаъолияти ҶҲАТ баромад доир гардид.
Сипас, Мавзуна Мирзоева, корманди КБСС оид ба фаъолияти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх баромади мухтасар намуд.
Сипас иштирокчиён оид ба пешравию камбудиҳои ҷойдошта дар ҳамкориҳои дуҷониба ва пешниҳодҳо баҳри рафъи ин камбудиҳо ба чор гурӯҳҳо тақсим карда шуданд.
Чорабинӣ дар сатҳи баланд барпо гардида, дар кори он ҳамаи иштирокчиён бисёр фаъол буданд.