Баргузории мизи мудаввар бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияхои вилояти Суғд

0
165

16 майи соли 2024 дар шахри Хуҷанд аз ҷониби Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) мизи мудаввар бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияхои вилояти Суғд ва котибони иҷроияи филиалҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оид ба рушд ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои тарафайн ташкил карда шуд.

Чорабиниро намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, муовини якуми ҶҲАТ ва сарвари намояндагии КБСС дар Тоҷикистон ҳусни оҳоз бахшиданд.

Баъди оғози чорабинӣ аз ҷониби намояндагони КБСС оид ба фаъолияти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх ва барномаҳои он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадҳои мухтасар доир гардиданд.

Сипас, аз ҷониби Аминзода Нодир, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ”- и ҶҲАТ оид ба Ҳараркати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва фаъолияти ҶҲАТ баромад доир гардид.

Баъди баргузории баромадҳо иштирокчиён оид ба пешравию камбудиҳои ҷойдошта дар ҳамкориҳои дуҷониба ва пешниҳодҳо баҳри рафъи ин камбудиҳо баромадҳо намуданд.

Чорабинӣ дар сатҳи баланд барпо гардида, дар кори он ҳамаи иштирокчиён бисёр фаъол буданд.