30 майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияхои тобеи ҷумҳурӣ ва котибони иҷроияи филиалҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Чорабиниро Қурбониён Баҳодур, котиби генералии ҶҲАТ ва Ангелика Шопп, сарвари намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон ҳусни оҳоз бахшиданд.
Баъди оғози чорабинӣ аз ҷониби намояндагони ҶҲАТ ва КБСС оид ба фаъолияти ин ташкилотҳо баромадҳои мухтасар ташкил карда шуд.
Сипас иштирокчиён оид ба пешравию камбудиҳои ҷойдошта дар ҳамкориҳои дуҷониба ва пешниҳодҳо баҳри рафъи ин камбудиҳо ба чор гурӯҳҳо тақсим карда шуданд.
Чорабинӣ дар сатҳи баланд барпо гардида, дар кори он ҳамаи иштирокчиён бисёр фаъол буданд.