21 майи соли 2022 дар меҳмонхонаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) мизи мудаввар бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва котибони иҷроияи Филиалҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд оид ба рушд ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои тарафайн баргузор гардид.
Мизи мудаввар дар доираи барномаи «Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ» ташкил карда шуда, дар он ҳамчунин намояндагон аз Кумитаи марказии ҶҲАТ, намояндагони Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон иштирок ва баромад намуданд.
Мизи мудаввар бо сухани ифтитоҳии муовини аввали Котиби генералии ҶҲАТ Нурулло Файзализода ва намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Мирзоғуфрон Ғафуров ва роҳбари намояндагии КБСС дар Тоҷикистон оғоз гардид.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, майи соли 2022