Санаи 22-юми октябри соли 2020 дар толори Бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар вилояти Суғд дар доираи Барномаи “Огоҳ намудани аҳолӣ аз хатари минаҳо” Мизи мудаввар баргузор гардид. Дар он намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, соҳаи маориф, раёсату шӯъбаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Исфара, Панҷакент, Конибодом, Шаҳристон, Айнӣ, Ашт ва Бобоҷон Ғафуров, ҳамчунин намояндагони ВАО иштирок намуданд.
Сароғоз коргузори Бахши ҶҲАТ дар вилояти Суғд Исломҷон Бобоев иштирокдорони чорабиниро аз номи роҳбарияти Бахши вилоятии ҶҲАТ хайра мақдам гуфта, доир ба ҳадафи баргузории Мизи мудаввар сухан кард.
Ҳамоҳангсози Барномаи “Огоҳ намудани аҳолӣ аз хатари минаҳо” дар вилояти Суғд Раънохон Камолова дар бораи таърихи таъсисёбии ҶҲАТ ва принсипҳои бунёдии Ҳаракати бийналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар тавассути намоиши слайдҳо дар проектор маълумоти муфассал дод.
Сипас ҳамоҳангсози Барномаи “Огоҳ намудани аҳолӣ аз хатари минаҳо” дар Кумитаи марказии ҶҲАТ Ӯлмас Давлатов оид ба мақсади асосии барнома, ҳамкории ҶҲАТ бо шарикон дар самти амалиёти зидди минаҳо, ҳодисаҳои таркиши минаҳо ва лавозимоти нотаркидаи ҷангӣ, дастовардҳо ва мушкилот сухан кард.
Ҳамзамон, доир ба Конвенсияи СММ оид ба манъи истеҳсол ва истифодаи минаҳои зидди пиёдагард маълумот пешниҳод ва филми видеоӣ бо номи “Аҳдномаи Оттава. Қоидаҳои рафтори бехавф” манзури иштирокчиён карда шуд.
Дар идомаи кори Мизи мудаввар масъалаи ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, дар сатҳи маҳал, деҳот ва ВАО оид ба ҳарчӣ бештар огоҳ намудани аҳолӣ аз хатари минаҳо мавриди муҳокима қарор дода, хулоса ва пешниҳодҳои иштирокчиён ба инобат гирифта шуданд.
Ҳамин тавр, Мизи мудаввар дар доираи Барномаи “Огоҳ намудани аҳолӣ аз хатари минаҳо” хубу хотирмон ва ба нафъи иштирокдорон доир гардид.
Асосӣ Пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда МИЗИ МУДАВВАР ДАР ДОИРАИ БАРНОМАИ “ОГОҲ НАМУДАНИ АҲОЛӢ АЗ ХАТАРИ МИНАҲО”