Санаи 28-уми ноябри соли 2022 дар толори конфронсии Меҳмонхонаи «Атлас»-и шаҳри Душанбе дар доираи Лоиҳаи «Суръат бахшидани фаъолиятҳои маҳаллӣ дар шароити буҳронҳои гуманитарӣ ва тандурустӣ» (ECHO PPP) дар мавзӯи “Кӯмаки башардӯстона ва ҳифзи мардуми дар ҳаракат. Ҳамоҳангсозӣ бо ҷонибҳои манфиатдор барои барномаҳои ҳамгирошуда дар Тоҷикистон” Мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар он бо баробари роҳбарият ва кормандони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳммари Тоҷикистон (ҶҲАТ), намояндагон аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҶТ, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ: ТҶ Созмони занони маъюби “Иштирок”, ТҶ “Авесто”, аз ташкилотҳои байналмилалӣ: Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF), Барномаи умумиҷаҳонии озуқаворӣ (WFP), Комиссариати Олии СММ оид ба гурезаҳо (UNHCR), Барномаи рушди СММ (UNDP), Табибони бидуни марз (MSF), Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (USAID), СММ – Занҳо (UN Women), Дафтари СММ оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ (UNDRR), Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон (IOM), ҳамзамон аз Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (IFRC), Салиби Сурхи Италия (ССИ), Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС), Салиби Сурхи Олмон иштирок намуданд.
Дар оғоз муовини Котиби генералии ҶҲАТ Дилором Мирова ва намояндаи Салиби Сурхи Италия Марианна Гарлатти сухан карда, ҳадафи ташкил ва гузаронидани мизи мудавварро шарҳ доданд.
Сипас Дилором Мирова дар мавзӯи “Дастовардҳо ва мушкилилот дар раванди татбиқи барномаҳои марбут ба муҳоҷират дар доираи фаъолиятҳои ҶҲАТ” ва менеҷери лоиҳаи ECHO PPP, ҶҲАТ Фахриддин Каримов дар мавзӯи “Лоиҳаи “ECHO PPP” дар Тоҷикистон: маълумоти умумӣ ва мавзӯи муҳоҷират дар барнома” баромад намуданд.
Иштирокдорони мизи мудаввр ба гурӯҳҳо тақсим шуда, бо иҷрои кори гурӯҳӣ дар “Масъалаҳои марбут ба муҳоҷират/гурезагон дар Тоҷикистон (таъминоти иҷтимоӣ, тандурустӣ, маориф, ҷойи истиқомат ва ғ.)” фикру андешаҳои худро баён карданд.
Намояндагони ташкилотҳо фаъолиятҳои марбут ба муҳоҷирати ташкилоти худро ба таври мухтасар муаррифӣ намуданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар иштирокдорон дар гурӯҳҳои корӣ тавсияҳо ва пешниҳодҳои худро оид ба масъалаҳои марбут ба муҳоҷират ва ҳамоҳангсозии барномаҳои амал муҳокима ва гузоришҳои мухтасари худро омода карданд.
Хулоса, ташкилкунандагон ва иштирокдорони Мизи мудаввар ба интизориҳо ва натиҷаҳои хубу назаррас муваффақ шуданд. Яъне, омода сохтани харитаи хизматрасониҳои ҳамаи ташкилотҳои ширкаткунанда ва таҳияю тасвиби санади мухтасар бо тавсияҳо ва амалҳои пешниҳодшуда барои коҳиш додани сатҳи осебпазирӣ ва ҳамоҳангсозӣ аз тариқи амалӣ намудани тадбирҳои муассир ва фарогир.
Ҳамин тавр, Мизи мудаввар дар мавзӯи “Кӯмаки башардӯстона ва ҳифзи мардуми дар ҳаракат. Ҳамоҳангсозӣ бо ҷонибҳои манфиатдор барои барномаҳои ҳамгирошуда дар Тоҷикистон” дар доираи Лоиҳаи «Суръат бахшидани фаъолиятҳои маҳаллӣ дар шароити буҳронҳои гуманитарӣ ва тандурустӣ» (ECHO PPP) хубу хотирмон ва дар сатҳи баланди ташкилӣ сурат гирифт.