Баргузории мониторинг ва вохуриҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

0
1684

Аз 29 ноябр то 04 декабри соли 2020 Аминзода Нодир, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардўстӣ”-и Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ҷиҳати баргузории мониторинг ва вохуриҳо ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафари хидматӣ намуд.
Зимни сафар Аминзода Нодир ба шаҳрҳои Кўлоб, Бохтар ва ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ, Вахш, Ҷ. Балхӣ ва Ёвон ташриф овард.
Дар шаҳри Кўлоб, Аминзода Нодир бо котиби иҷрояи бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар минтақаи Кўлоб Сатторзода Тоҷиддин, ҳамоҳангсози минтақавии барнома ва волонтёрони ин бахш вохурӣ намуд.
Дар ноҳияи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ Аминзода Нодир бо хонандагони синфҳои болоии литсеи давлатии №1 вохурӣ бо баромадҳо оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва фаъолияти ҶҲАТ доир намуд. Дар ин вохурӣ зиёда аз 50 нафар хонандагон ва омўзгорони ин литсей иштирок намуданд.
Дар ноҳияи Восеъ вохурӣ дар Муассисаи таҳсилотии умумии №1 ва волонтёрони ҶҲАТ дар ноҳияи Восеъ доир гардид. Дар ин вохурӣ зиёда аз 60 нафар иштирок намуданд.
Ҳамчунин, дар ноҳияи Вахш вохурӣ бо 30 нафар намояндагони гуногуни ҷомеа, омўзгорон, намояндагони маҳаллаҳо, намояндагони соҳаи тандурустӣ ва дигарон доир гардид.
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон бошад Аминзода Нодир бо Ризоев Ҳусниддин, котиби иҷрояи бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ин ноҳия ва волонтёрон ва аъзоёни фаъоли ин бахш вохурӣ бо баромадҳо доир намуд.
Дар шаҳри Бохтар низ чунин вохурӣ дар литсеи касбии № 7 бо зиёда аз 100 нафар хонандагон ва омўзгорони ин муассисаи таълимӣ доир гардид. Дар ин чорабинӣ баромадҳо бо пахши филми соҳавӣ доир гардиданд.
Дар ноҳияи Ёвон низ чунин вохурӣ бо намояндагони соҳаҳои гуногун доир гардид. Дар оғози вохурӣ оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурху Ҳилоли Аҳмар ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон баромад доир гардида, сипас ба саволу ҷавоби иштирокчиён посухҳои мушаххас дода шуданд.
Умуман сафар ба вилояти Хатлон ва баргузории якқатор чорабиниҳо муфид ва судманд баҳогузорӣ мегардад.

Маркази иттилооти ҶҲАТ, 4 декабри соли 2020