Аз 23 то 28 ноябри соли 2020 Аминзода Нодир, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардўстӣ” ҷиҳати баргузории мониторинг ва вохуриҳо ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суѓд сафари хидматӣ намуд.
Зимни сафар Аминзода Нодир ба шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғауров ва Мастчоҳи вилояти Суғд ташриф овард.
Дар шаҳри Исфара Аминзода бо котиби бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмати Тоҷикистон Алиматова Меҳрӣ, волонтёрони лоиҳа, намояндагони масъули Иттиҳодияи ҷамъиятии “Умед”, намояндагони Кумитаи занон ва Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим дар шаҳри Исфара вохурӣ намуд. Вохуриҳо бисёр ҷолиб гузашта, ба масъулин ҳамаи шартҳо ва талаботҳои сарпарастони лоиҳа фаҳмонда дода шуданд.
Ҳамчунин, дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Мастчоҳ низ чунин вохуриҳо бо масъулини соҳа баргузор гардид.
Дар шаҳри Хуҷанд вохурӣ бо котиби иҷрояи бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмати Тоҷикистон дар вилояти Суғд Парвиз Ҷабборзода ва Маркази ҳимояи аҳолӣ аз бемориҳои сил вохурии судманд баргузор гардид. Дар оғози вохурӣ оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурху Ҳилоли Аҳмар ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тољикистон баромад доир гардида, сипас ба саволу ҷавоби иштирокчиён посухҳои мушаххас дода шуданд.
Умуман сафар ба вилояти Суғд ва баргузории якқатор чорабиниҳо муфид ва судманд баҳогузорӣ мегардад.
Бояд қайд намуд, ки чунин вохуриҳо ҳафтаи оянда ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ доир хоҳад гардид.
Маркази иттилооти ҶҲАТ, 28 ноябри соли 2020