Баргузории озмуни миллии аввалин оид ба ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ

0
493

Имрӯз аз ҷониби намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон аввалин озмуни миллӣ оид ба ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ барпо карда шуд.

Ин чорабинӣ дар факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо иштироки тимҳои Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

Чорабиниро декани ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва сарвари намояндагии Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон ҳусни оҳоз бахшиданд.

Сипас, довталабон дар се давр иштирок намуда, қобилияти худро оид ба ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ нишон доданд.
Ҳайати доварон дар ҳайати Раҷабов Саидумар, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Мансуров Умед, мушовири ҳуқуқии намояндагии КБСС дар Тоҷикистон ва Аминзода Нодир, ҳамоҳангсози ҳуқуқи байналмилалии башардустии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Баъд аз ҳисоби холҳо ҷойи аввал насиби тими Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҷойи дуввум ба тими Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷойи сеюм ба тимҳои Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ гардид.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 18 октябри соли 2023