Ҳамасола дар ноҳияҳои мақсадноки минтақаи Кӯлоб озмуни расми беҳтарин ва иншои озод дар доираи барномаи «Огоҳкунии аҳолӣ аз хатари минаҳо» (ОАХМ) бахшида ба Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Мақсад аз гузаронидани чунин чорабиниҳо-озмунҳо ин баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон оид ба хатари минаҳо ва лавозимоти тарканда мебошад.
Аз 16 май то 28 майи соли 2022 озмуни расми беҳтарин ва иншои озод дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳияи Фархор, муассисаҳои таълимии №2 ва №12-и ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, муассисаи таълимии №35-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дар муассисаи таълимии №39-деҳаи Тутои ноҳияи Муъминобод эълон гардида буд.
Рӯзҳои 25-28 майи соли 2022 дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои болозикр озмуни расми беҳтарин ва иншои озод ҷамъбаст гардид, ки дар натиҷа хонандагони фаъоли муассисаҳо ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, бо туҳфаҳо қадрдони карда шуданд.
Дар раванди гузаронидани озмун зиёда аз 300 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияҳои болозикр иштирок намуданд.