Баргузории омӯзиши гуруҳи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода

0
62

12-14 августи соли 2021 омӯзиши 3 рӯзаи бозомузии гуруҳи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи Маркази вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур 12 нафар аъзоёни гуруҳи вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи бахши мазкур иштирок намуданд.
Дар омӯзиш ҳамчунин ҳамоҳангсози барномаи Тайёри ва вокуниш ба Ҳолатҳои Фавқулодаи ҶҲАТ Имомов П.С., ҳамоҳангсози Маркази вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаи бахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, Бурҳонов Шафтолу, Ҳамоҳангсози барномаҳои КБСС дар ВМКБ, Бозичаев Маҳмадқосим ва Тренери ёрии аввал Ғарибмамадов А. оид ба мавзӯҳои дар рӯзномаи омӯзиш дарҷ гардида, иштирокчиёнро омӯзониданд.