Баргузории семинари омузишӣ дар доираи лоиҳаи “Сафарбаркунии ҷомеа оид ба эмгузаронии COVID- 19” дар филиали ҶҲАТ-и ноҳияи Рашт

0
497
Санаи 20-21 ҷеврали соли 2023 семинари омузишӣ барои волонтёрон дар доираи лоиҳаи “Сафарбаркунии ҷомеа оид ба эмгузаронии COVID- 19″ дар филиали ҶҲАТ-и ноҳияи Рашт баргузор гардид.

Лоихаи мазкур аз тарафи ташкилотҳои USAID ва IFRC маблаггузарони мегардад. Семинарро бо сухани ифтитохи котиби иҷроияи филиали ҶҲАТ Хабибуллоев А. оғоз намуд. Сипас намояндаи КМ ҶҲАТ, ёвари менеҷери лоиҳаи ” Сафарбаркунии ҷомеа оид ба эмгузаронии COVID-19″ Абдулоева Давлатпочо барои амалӣ намудани лоиҳа ва фаъолияти волонтиёрон доир ба ҳисоботҳо баромад намуд. Роҳбари маркази эмгузаронии ноҳияи Рашт Ҳакимов Абдурасул ба волонтёрон омузишро оиди эмгузаронии ҷомеа ва ҷалби онҳо гузаронд. Дар ин омузиш аз се ноҳия: ноҳияҳои Рашт, Тоҷикобод ва Лахш ҷамъ 41 нафар волонтёрон аз соҳахои гуногун ҷалб карда шудаанд.