10 июни соли 2021 аз ҷониби намояндагони Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) семинари омузишӣ дар ноҳияи Файзобод ташкил карда шуд. Дар ин семинар 15 нафар намояндагони маориф, тандурустӣ ва намояндагони ноҳияи Файзобод иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардусти”-ҶҲАТ оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ ва аломатҳои он презентатсия бо пахши филми мустанади соҳавӣ доир намуда ба суолњои сершумори иштирокчиён посух дод.
Сипас, Зулфия Нуралиева оид ба фаъолияти барномаи “Барқарорсозии робитаҳои оилавӣ” ба ҳозирин презентатсия намуд.
Ҷоналоева Сабоҳат, котиби бахши ҶҲАТ дар ноҳияи Файзобод қайд намуд, ки ў роҳбари нав аст ва ниёз ба мутахассисони Кумитаи марказии ҶҲАТ дорад, ки тез-тез ба ин ноҳия ташриф оварда, чорабинихои гуногун баргузор намоянд, ки аҳолии ин нохия оид ба фаъолияти ҶҲАТ бештар маълумот пайдо кунанд.
Маркази иттилооти ҶҲАТ, 10 июни соли 2021