Баргузории семинари омузишӣ дар шаҳри Роғун

0
1830

9 июни соли 2021 аз ҷониби барномаи “Барқарорсозии робитаҳои оилавӣ” дар ҳамкорӣ бо барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардусти”-Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) семинари омузишӣ дар шаҳри Роғун ташкил карда шуд. Дар ин семинар 17 нафар намояндагони маориф, тандурусти ва намояндагони ҷомеаи шахри Роғун иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинӣ Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардусти”-ҶҲАТ оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ ва аломатҳои он презентатсия бо пахши филми мустанади соҳавӣ доир намуд.
Сипас, Зулфия Нуралиева оид ба фаъолияти барномаи “Барқарорсозии робитаҳои оилавӣ” ба ҳозирин презентатсия намуд.
Ислом Нуруллоев, котиби бахши ҶҲАТ дар шаҳри Роғун қайд намуд, ки якчанд сол боз дар ин минтақаи дурдасти кишвар чунин чорабиниҳо доир нагардида буд ва баргузории ин семинари омузишӣ барои шаҳрвандони шаҳри Роғун бисёр муфид буд.

Маркази иттилооти ҶҲАТ, 09 июни соли 2021