Баргузории семинари омузишӣ

0
1734

04-05 ноябри соли 2021 дар Осоишгоҳи Хоҷа-оби-гарми ноҳияи Варзоб семинари омузишии мукаддимавӣ бо дастгирии Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар барои Роҳбарият, сардорони шуъбаҳои Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ), сардорони бахшхои вилоятӣ, минтакавӣ ва намояндагони донор баргузор мегардад.
Дар ин чорабинӣ 20 нафар иштирок менамоянд.
Бояд гуфт, ҳадаф аз баргузории чорабинӣ – ин баланд бардоштани иқтидори ҶҲАТ ва сохтори он мебошад.
Дар оғози вохурӣ Дилором Мирова, муовини Котиби генералии ҶҲАТ ва Пол Давенпорт, намояндаи Федератсияи Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуданд.
Сипас, Нодир Аминзода, масъули Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустии ҶҲАТ оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва коммуникатсия баромад намуд.
Маркази иттилооти ҶҲАТ, 4 ноябри соли 2021