Баргузории семинари омўзишӣ оид ба бемории сил

0
1750

04-05 июни соли 2020 дар Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) семинари омўзишии “Ташкили корҳо дар байни ҷомеа оид ба беҳтар кардани ошкоркунии бемории сил дар байни гурўҳҳои асосии аҳолӣ, инчунин зиёд кардани ӯҳдадорӣ вобаста ба табобати беморони сили, шаклҳои тобовар ба доруворӣ” баргузор мегардад.
Ин чорабинӣ, аз ҷониби лоиҳаи ETICA оид ба барҳам додани бемории сил дар Осиёи Марказӣ, ки ҶҲАТ дар ҳамкорӣ бо ташкилоти байналмилалии ғайридавлатии ABT ASSOCIATES INC. бо маблағгузории ташкилоти USAID амалӣ менамояд, ташкил гардида, дар он кормандони ин лоиҳа ва намояндагони ABT ASSOCIATES INC. дар Тоҷикистон ширкат меварзанд.
                                                                                      Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 4 июни соли 2020