Мувофиқи нақша аз рӯзҳои 7-8 июли соли 2020 дар ноҳияи Панҷ ва шаҳри Бохтари вилояти Хатлон семинарҳои омӯзишӣ оид ба пешгирӣ аз вируси сироятии коронавирус барои волонтёрони бахшҳои ҶҲАТ гузаронида шуд. Дар ноҳияи Панҷ 30 волонтёр ва дар шаҳри Бохтар низ 30 волонтёр ҳамагӣ 60 волонтёр дар гурӯҳҳои алоҳидаи 10 нафара бо семинарҳои омӯзишӣ фаро гирифта шуданд. Семинарҳои мазкур бо дастгирии UNICEF гузаронида шуд. Волонтёрон маълумоти зарурӣ пайдо намуда, аллакай фаъолиятро дар баёни аҳолӣ оғоз намуданд.