Баргузории семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Асосҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ» дар шаҳри Бохтар

0
34

15-16 ноябри соли 2024 аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Асосҳои ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ» ташкил карда шуд.

Дар ин чорабинӣ аз ҷониби Нодир Аминзода, масъули барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ”-и ҶҲАТ баромад оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, принсипҳои бунёдӣ ва истифодабарии аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромадҳо доир гардиданд.

Сипас, аз ҷониби Раҷабов Саидумар, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор баромадҳо оид ба якчанд мавзуъҳои ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ доир гардиданд.

Дар ин чорабинӣ зиёда аз 20 нафар омӯзгорони фанни таъриху ҳуқуқ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ва намояндагони раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатти вилояти Хатлон иштирок намуда, дониши худро оид ба ҳуқуқи байналмилалии инсондӯстӣ васеъ намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ҳамаи иштирокчиён аз ин семинари омӯзишӣ бисёр қаноатманд гардида, хоҳиш намуданд, ки теъдоди чунин чорабиниҳо зиёдтар гашта, давомнокии он 3-4 рӯзро ташкил намояд ва беҳтар мешавад, ки иштирокчиён аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ бошанд.