Бахшида ба 75 солгарди Муоҳидаҳои Женева 2 декабри соли 2024 аз ҷониби намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон (КБСС) семинари омӯзиши оид ба Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ ташкил карда шуд.
Дар ин чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, КБСС ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) иштирок намуданд.
Чорабиниро роҳбари намояндагии намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон ва намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оҳоз бахшиданд.
Баъди оғози чорабинӣ аз ҷониби ПйерғЭмманюэл Дюкруэ, роҳбари намояндагии КБСС дар Тоҷикистон оид ба таъриху пайдоиши Ҳараркати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва фаъолияти Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх баромади мухтасар доир гардид.
Сипас, аз ҷониби намояндаи шуъбаи муҳофизати КБСС оид ба фаъолитяи ин шуъба баромад доир гардид.
Ҳамчунин Аминзода Нодир, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ”- и ҶҲАТ оид ба масъалаҳои истифодабарии аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад доир гардид.
Сипас, Умед Мансуров, мушовири ҳуқуқии намояндагии КБСС дар Тоҷикистон оид ба мавзуъҳои гуногуни Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ баромадҳо доир гардиданд.
Баъди баргузории баромадҳо иштирокчиён оид ба масъалаҳои муосири ҲББ ба масъулини чорабинӣ саволҳо доданд.
Чорабинӣ дар сатҳи баланд барпо гардида, дар фарҷоми чорабинӣ ба иштирокчиён сертификат барои иштироки он дода шуданд.