Баргузории семинари омӯзишӣ оид ба Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ барои вакалони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
60

20 феврали соли 2025 дар китобхонаи миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҷониби намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон (КБСС) семинар оид ба Ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ барои вакалони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Дар ин чорабинӣ намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, КБСС ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) иштирок намуданд.    Чорабиниро Раҷабзода Равшан Муҳитдин, Раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пйер-Эмманюэл Дюкруэ, роҳбари намояндагии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшиданд.

Дар чорабинӣ аз ҷониби Жала Азизова, мушовири минтақавии КБСС оид ба Масъалаҳои ҳуқуқӣ оид ба ҳамкории байни КБСС ва мақомотҳои қонунгузории давлатҳо, таҷрибаҳои беҳтарин ва Тамоюлҳои муосир дар ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ баромадҳои мухтасар доир гардиданд.

Сипас, аз ҷониби Умед Мансуров, мушовири ҳуқуқии намояндагии КБСС дар Тоҷикистон оид ба Таносуби ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ ва ҳуқуқи байналмилалии ҳуқуқи башар, умумият, тафовутҳо ва Татбиқи ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон: ҳолат ва дурнамо баромадҳо доир гардиданд.