Баргузории семинар дар доираи лоиҳаи “Ташаккули қобилияти устувории кӯдакон ва ҷавонон дар Тоҷикистон ба офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим тавассути тадбирҳои зиёд кардани коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ба кӯдакон нигаронидашуда ва бехатарии мактабҳо”

0
170

24-25 апрели соли 2024 дар Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) семинари дурӯза дар доираи лоиҳаи “Ташаккули қобилияти устувории кӯдакон ва ҷавонон дар Тоҷикистон ба офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим тавассути тадбирҳои зиёд кардани коҳиши хавфи офатҳои табиӣ ба кӯдакон нигаронидашуда ва бехатарии мактабҳо”, ки аз ҷониби Бюрои кӯмакҳои башардӯстонаи оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ маблағгузорӣ карда мешавад ва дар ҳамоҳангӣ бо Хазинаи Кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои мавриди ҳадаф дар водиии Рашт ва ВМКБ амалӣ мегарданд, баргузор гардид.

Чорабиниро Дилором Мирова, муовини Котиби генералии ҶҲАТ ва Ҷамшед Ҳасанов, мутахассиси оид ба ҳолатҳои фавқулодаи ЮНИСЕФ ҳусни оғоз бахшиданд.

Сипас мувофиқи рӯзнома ба иштирокчиён дар давоми семинари дурӯза оид ба фаъолиятҳои ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, муаррифии нақшаи кории лоиҳа ва таҷрибаи ҶҲАТ вобаста ба фаъолиятҳо дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, тартиб додани харитаи минтақаҳои хавфнок ва пешгирии латхӯрӣ, рафтори мактаббачагон ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулода, мутобиқат ба тағйирёбии иқлим, муҳимият ва тарзи гузаронидани машқҳои амалӣ дар Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, гендер дар ҳолатҳои фавқулодда, дастгирии равонии кӯдакон ҳангоми офатҳои табиӣ, масъалаҳои об ва беҳдоштӣ барои муассисаҳои таълимӣ тибқи дастурамали ЮНИСЕФ ва принсипҳои асосии расонидани ёрии аввал аз ҷониби муҳассислини соҳа баромадҳо ва машқҳои амалӣ гузаронида шуданд.

Маркази иттилооти ҶҲАТ, ш. Душанбе, 26 апрели соли 2024