Баргузории семинар оиди банакшагирии фаъолияти ЧХАТ барои солхои 2023-2025

0
1968

3 августи соли 2022 дар шахри Душанбе бо дастгирии Федератсияи байналмиллалии Чамъиятхои Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар семинар оиди банакшагирии фаъолияти ЧХАТ барои солхои 2023-2025 баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон (ЧХАТ), Федератсияи байналмиллалии Чамъиятхои Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар, Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, Салиби Сурхи Олмон ва Салиби Сурхи Италия иштирок намуданд.
Максад аз баргузории ин чорабини банакшагирии ягонаи фаъолияти ЧХАТ дар 3 соли минбаъда бо дастгирии шарикони рушди ЧХАТ оид ба рушди фаъолияти он дар оянда буд.
Дар фарчоми чорабини шахсони масъули ЧХАТ вазифадор гардиданд, ки то мухлати муайяншуда накшаи фаъолияти ЧХАТ-ро барои солхои 2023-2025 омода намуда, ба шарикони рушди ЧХАТ барои баррасии минбаъда ирсол намояд.