13-15 марти соли 2023 дар шахри Душанбе аз ҷониби Федератсияи Байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶССҲА) семинар оид ба баҳодиҳии иқтидори Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар чорабинии мазкур роҳбарият ва кормандони калидии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ва намояндагони ФБҶССҲА иштирок менамоянд.
Чорабиниро Баҳодур Қурбониён, котиби генералии ҶҲАТ ҳусни оғоз бахшид.
Сипас, намояндагони ФБҶССҲА Лилия Белоус ва Александр Мордовин кори семинарро оғоз намуданд.
Мақсад аз ташкили ин чорабинӣ баҳодиҳӣ ва баланд бардоштани рушди иқтидори ҶҲАТ дар самтҳои гуногуни фаъолият мебошад.