Баргузории Тренинги “Ёрии аввали психологӣ”

0
1940

Санаҳои 21-24-уми декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе тибқи нақшаи кории Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) бо дастгирии молиявии Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС)Тренинги 4-рӯза дар мавзӯъи “Дастгирии психологиву иҷтимоии зарардидагони зӯроварии гендерӣ ва ҷинсӣ” барои тренерон/инструкторон, кормандон, аъзо ва волонтёрони ҶҲАТ (ТоТ) доир гардид.
Дар он намояндагони бахшҳои ҶҲАТ дар вилоят, минтақа ва чанде аз шаҳру ноҳияҳои кишвар иштирок намуданд.
Дар оғози тренингнамояндагони КБСС Беҳрӯз Миралибеков ва Айрам Вадила иштирокчиёнро хайра мақдам гуфта, оид ба ҳадафи ташкил ва гузаронидани тренинги ТоТ сухан карданд. Гуфта шуд, ки яке аз вазифаҳои асосии кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ расонидани Ёрии аввали психологӣ ба зарардидагону осебдидагон мебошад.
Сипас тренери соҳибистеъдод Мадина Эргашеваҳадафи тренингро шарҳ дода, доир ба малакаҳои тренерӣ (мусоҳиба, тавсияҳо), истифодабарии бозиҳо дар тренинг ибрози андеша намуд.
Ҳамин тавр, дар давоми чор рӯзи тренинг аз ҷониби тренер дар мавзӯъҳои ғояҳо ва таърифҳои асосӣ, шаклҳои гуногуни зӯроварии гендериву ҷинсӣ, таъсири психологию иҷтимоии зӯроварии гендериву ҷинсӣ, эҳтиёҷоти психологиву иҷтимоии наҷотёфтагон аз зӯроварии гендериву ҷинсӣ, усули ба наҷотёфтагон нигаронидашуда (назария ва ҳам амалия), малакаҳои муоширати дастгирикунанда, муоширати ғайришифоҳӣ, роҳнамоӣ (равонасозӣ), пирамидаи дахолати IASC маълумотҳои зарурӣ ва муфид пешниҳод гардида,тарзи дурусти расонидани кӯмаки аввали псхилогӣ барои иштирокдорон омӯзонда шуд.
Бо баробари пешниҳоди назария оид ба ин мавзӯъҳо М. Эргашева аз иштирокчиёни тренинг талаб намуд, ки дониши гирифтаи худро бо амалия мустаҳкам намоянд. Яъне, донишу маълумоти гирифтаи худро дар амал нишон доданд.
Ҳамин тавр, давоми 4 рӯз иштирокчиёни тренинг роҳу усули дурусти расонидани Ёрии аввали психологиро ба шахси зарардида ҳамаҷониба омӯхтанд ва омодагии худро дар ин самт баён намуданд.
Хулоса, тренинги 4-рӯза (ТоТ) дар мавзӯъи “Дастгирии психологиву иҷтимоии зарардидагони зӯроварии гендерӣ ва ҷинсӣ” барои тренерон/инструкторон, кормандону волонтёрони ҶҲАТ фоиданок ва шавқовару хотирмон доиргардид.