27 ноябри соли 2023 дар толори меҳмонхонаи Атласи шахри Душанбе тренинг оид ба асосҳои сафарбаркунии захираҳо барои кормандони Дастгоҳи иҷроияи кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ва баъзе аз филиалҳои он баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ Мирзоев Фарҳод, сардори шуъбаи фондрайзинги ҶҲАТ оид ба вазъи ҳозираи фондрайзинг дар ҶҲАТ баромад намуд.
Сипас Нодир Аминзода, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ”-ҶҲАТ оид ба нақши иттиллоот дар рушди фондрайзинг ва вазъи ҳозираи он дар ҶҲАТ баромад намуд.
Шаҳриёр Мирзания оид ба асосҳои сафарбаркунии захираҳо, ҷалби кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ барои рушди фондрайзинг баромадҳои мухтасар намуд.
Чорабинӣ дар сатҳи зарурӣд барпо гардида, дар кори он ҳамаи иштирокчиён бисёр фаъол буданд.