Баргузории форуми глобалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар оид ба иттилоот дар Шоҳигарии Ҳошимии Урдун

0
1182

Аз 12 то 14 июни соли 2023 дар шаҳри Аммани Шоҳигарии Ҳошимии Урдун форуми глобалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар оид ба иттилоот баргузор мегардад.

Дар ин чорабинӣ намояндагони 81 ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари кишварҳои ҷаҳон, намояндагони Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) ва Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар  (ФБҶССҲА) иштирок менамояд, ки зиёда аз 180 нафарро ташкил медиҳанд.

Чорабиниро Муҳаммад АЛ-ҲАДИД, президенти Ҳилоли Аҳмари Урдун ҳусни оғоз бахшида, сипас намояндагони КБСС ва ФБҶССҲА онро идома доданд.

 

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, 13 июни соли 2023