Баргузории ҷаласаи Конференсияи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон

0
1462

Санаи 18 январи соли 2022 дар толори Анри Дюнани Дастгохи иҷроияи Кумитаи марказии Ҷамъияти Хилоли Ахмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) Конференсияи марказии ҶҲАТ бо иштироки аъзоён ва кормандони Ҷамъият баргузор гардид.
Конференсияи марказии ҶҲАТ-ро Президенти ҶҲАТ Курбонов Саид Сафарович хусни огоз бахшид. Дар ҷаласа мутобики рузнома масъалахои зерин барраси гардиданд:
– Баррасии хисоботи Котиби генералии ҶҲАТ оид ба натиҷаи фаъолияти Чамъият дар соли 2021;
– Баррасии хисоботҳои Котибони иҷроияи филиалҳои ҶҲАТ дар вилояти Сугд, ВМКБ, минтакахои Бохтар ва Кулоби вилояти Хатлон оид ба натичаи фаъолият дар соли 2021;
– Баррасии лоихаи Нақшаи кории Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии Ҷамъияти Хилоли Ахмари Точикистон барои соли 2022;
– Баррасии лоихаи Нақша-чорабиниҳои моҳвораи Ҷамъияти Хилоли Ахмари Точикистон барои соли 2022;
– Тасдики Низомнома, сохтори Дастгохи маркази ва номгўи дастгоххои тобеи Дастгоҳи иҷроияи Кумитаи марказии ҶҲАТ;
– Дар бораи хавасмандии котибони ичроияи филиалхои ҶҲАТ барои фаъолияти назаррас ва гайрахо.
Зимни пешниҳоди Ҳисобот оид ба натиҷаи фаъолияти ҶҲАТ дар соли 2021 Котиби генералии ҶҲАТ Қурбониён Б.Б. бахусус қайд намуд, ки дар соли 2021 гарчанде, ки бар асари бемории коронавирус дар Точикиситон бисёр ташкилоту муассисахо фаъолияти худро ба таври фосилавїиба рох монданд, вале кормандон ва волонтёрони ҶҲАТ хамеша дар пахлуи мардум буда, кўмакхои гуногуни худро ба мардуми ниёзманди кишвар ва ба беморхонахои чумхури расониданд.
Вобаста ба мавзухои рўзнома шахсони мутасадди баромад намуданд.
Хамаи масъалахои дар рўзнома буда, аз чониби аъзоёни Конференсияи марказии ҶҲАТ мавриди барраси карор дода шуда, доир ба онхо карорхои далдор кабул гардиданд.
Маркази иттилоотии ҶХАТ, ш. Душанбе, 18 январи соли 2022