Баргузории чаласаи чамъбасти фаъолияти ЧХАТ дар 3 мохаи аввали соли 2021

0
79

29 апрели соли 2021 дар толори Дастгоњи Ичроияи Кумитаи Марказии Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон (ЧХАТ) чаласаи чамъбасти 3 мохаи аввали соли 2021 баргузор гардид.
Дар чаласа кормандони Дастгохи ичроияи Кумитаи Марказии ЧХАТ, бахшхои вилояти, минтакавиї ва шахру нохияхои тобеи чумхури иштирок намуданд.
Чаласаро Котиби генералии ЧХАТ Баходур Курбониён хусни огоз бахшид.
Сипас, Шумкоров Муночот, сардори шуъбаи рушд ва хамкорихои байналмилалии ЧХАТ иштирокчиёнро бо рўзномаи чаласа шинос намуд.
Файзализода Нурулло, муовини аввали Котиби генералии ЧХАТ дар бораи фаъолияти ЧХАТ дар семохаи аввали соли 2021 ба иштирокчиён баромади мухтасар намуд.
Баъди баромади Файзализода, Котибони ичроияи бахшхои ЧХАТ дар вилояти Сугд, ВМКБ, минтакахои Бохтар, Кўлоб ва шахри Душанбе оид ба фаъолияти бахшхои худ дар семохаи аввали соли 2021 баромадхо намуданд.
Баъди бромадхо Котиби генералии ЧХАТ Баходур Курбониён ба волонтёрони бахши ЧХАТ дар минтаќаи Кўлоб барои фаъолияти намунави ифтихорнома ва тўхфахои хотирави такдим намуд.
Шумкоров Муночот, сардори шуъбаи рушд ва хамкорихои байналмилалии ЧХАТ оид ба масъалахои рохбари ва идоракуни, сабакхои омўхташуда ва рушди ташкили баромад намуд.
Мувофиќи рўзнома хамчунин Дилором Мирова, муовини Котиби генералии ЧХАТ оид ба талабот ва пешниходоти шарикони рушди ЧХАТ маъруза намуд.
Дар интихои чаласа муовини аввали Котиби генералии ЧХАТ барои бехтар намудани ичрои накшахои буччаи бахшхо, фаъолияти Дастгох ва шуъбахои он, хамчунин оид ба дигар фаъолияти оинномавї диккати махсус дода, ба кормандон ва намояндагони бахшхо дастур дод, ки чихати фаъолияти самарабахш хамачониба кушиш намоянд.


Маркази иттилоотии ЧХАТ, ш. Душанбе, 29 апрели соли 2021