Баргузории чорабинии иттилооти дар коллечи тиббии шахри Хисор

0
1795

Хамасола санаи 8 май дар саросари кишвархои дунё хамчун Рўзи умумичахонии Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар эътироф гардидаааст.
Дар Чумхурии Точикистон ин санаи таърихи дар мохи май тули як мох он бо Карори Хукумати Точикистон аз 07 октябри 2011 № 594 «Дар бораи тартиб, шарт ва мўхлати гузаронидани мохвораи Хилоли Ахмар» чашн гирифта мешавад. Аз чониби Чамъияти Хилоли Ахмари Точикистон (ЧХАТ) дар мохи май яккатор чорабинихои фарханги-фарогати, варзиши, хайриявию эхсонкори баргузор мегарданд.
Имруз, яъне 7 майи соли 2021 бахшида ба Мохвораи ЧХАТ дар Муассисаи давлатии коллечи тиббии шахри Хисор аз чониби бахши ЧХАТ дар шахри Хисор чорабинии иттилооти баргузор гардид.
Дар ин чорабини зиёда аз 200 навар донишчуён ва устодони ин муассисаи таълими иштирок намуданд.
Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва хукуки байналмилалии башардустии ЧХАТ дар назди иштирокчиён дар бораи Харакати байналмилалии Салиби Сурх ва Хилоли Ахмар ва фаъолияти ЧХАТ баромад намуда, сипас ба хозирин филми мустанадро оид ба фаъолияти ин ташкилоти башардуст намоиш дод.
Маркази иттилоотии ЧХАТ, шахри Душанбе, 07 майи соли 2021