24 октябри соли 2023 аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии (ДБЗХ) ба номи Сотим Улуғзода чорабинии иттилоотӣ доир гардид.
Чорабиниро муовини ректори ДБЗХ Шарифзода Лайло ҳусни оғоз бахшид.
Сипас аз ҷониби Нодир Аминзода, масъули барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ”-и ҶҲАТ баромади мухтасар оид ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, принсипҳои бунёдӣ ва истифодабарии аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар доир гардид.
Дар ин чорабинӣ зиёда аз 300 нафар донишҷуёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи Сотим Улуғзода иштирок намуданд.
Намояндагони ҶҲАТ ба суолҳои донишҷуён ҷавобҳои мушаххас доданд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 24 октябри соли 2023