18 майи соли 2024 аз ҷониби филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар вилояти Суғд чорабинии иттилоотӣ ташкил карда шуд.
Ин чорабинӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 53-и ҷамоати деҳоти “Исфисор”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд барои зиёда аз 50 нафар хонандагон ва омӯзгорони ин муассиса баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ Нодир Аминзода, масъули иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстии Кумитаи марказии ҶҲАТ оид ба Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ, аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуд.
Мақсад аз баргузории чорабинӣ ин баланд бардоштани савияи дониши иштирокчиён оид ба Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва фаъолияти ҶҲАТ буд.