Баргузории чорабинии иттилоотӣ дар ноҳияи Варзоб

0
16

Субҳи 4 сентябри соли 2024 аз ҷониби кормандони барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ”-и Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ҳамбастагӣ бо филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Варзоб оид ба таъриху фаъолияти Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурху Ҳилоли Аҳмар ва ҶҲАТ дар ноҳияи Варзоб чорабинии  иттилоотӣ ташкил карда шуд.

Ин чорабинӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 ба номи Одинаев Сайдалии ноҳияи Варзоб барои зиёда аз 50 нафар талабагон ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ Нодир Аминзода оид ба Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуда, ба суолҳои зиёди иштирокчиён посух дод.