Баргузории чорабинии иттилоотӣ дар ноҳияи Файзобод

0
15

5 сентябри соли 2024 аз ҷониби кормандони барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ”-и Кумитаи марказии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ҳамбастагӣ бо филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Файзобод оид ба таъриху фаъолияти Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурху Ҳилоли Аҳмар ва ҶҲАТ дар ноҳияи Файзобод чорабинии  иттилоотӣ ташкил карда шуд.

Ин чорабинӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 ба номи Абдуназаров Назари ноҳияи Файзобод барои зиёда аз 200 нафар талабагон ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ Нодир Аминзода оид ба Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуда, ба суолҳои зиёди иштирокчиён посух дод.