11 декабри соли 2024 аз ҷониби филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар вилояти Суғд чорабинии иттилоотӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ташкил карда шуд. Ин чорабинӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ба номи Абдурауф Маҳкамови ноҳияи Ҷаббор Расулов барои зиёда аз 50 нафар талабагон ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид.
Дар оғози чорабинӣ Аминзода Нодир, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ дар Кумитаи марказии ҶҲАТ дар бораи таъриху пайдоиши Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуд.
Сипас, Исмоилов Зафар, танзимгари барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ дар филиали ҶҲАТ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон оид ба тарзҳои аъзошавӣ ва волонтёрӣ ба Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва филиалҳои он ба иштирокчиён маълумот дод.