Баргузории чорабинии иттилоотӣ дар ноҳияи Кӯшониени вилояти Хатлон

0
455

Имрӯз яъне 4 августи соли 2023 аз ҷониби Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар беморхонаи марказии ноҳияи Кӯшониени вилояти Хатлон чорабинии иттилоотӣ ташкил карда шуд.

Дар ин чорабинӣ Нодир Аминзода оид ба Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуда, ба суолҳои зиёди иштирокчиён посух дод.

Ҳамчунин, аз ҷониби Наимҷон Каримзода оид ба фаъолияти филиали ҶҲАТ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ва корҳои хайриявию эҳсонкории он ба иштирокчиён маълумот дода шуд.

Дар ин чорабинӣ зиёда аз 70 нафар кормандони Беморхонаи марказии ноҳияи Кӯшониени вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Маркази иттилооти ҶҲАТ, 4 августи соли 2023