Баргузории чорабинии иттилоотӣ дар шаҳри Ҳисор

0
44

6 марти соли 2025 аз ҷониби филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар шаҳри Ҳисор 2 чорабинии иттилоотӣ баргузор гардид.

Ин чорабиниҳо дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Ҳисор ба номи Абурайҳони Берунӣ баргузор гардида, дар он зиёда аз 100 нафар хонандагони синфҳои болоӣ барпо ва омӯзгорон иштирок намуданд.

Нодир Аминзода, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ”-и Кумитаи марказии  Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) оид ба таъриху пайдоиши Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурху Ҳилоли Аҳмар баромад намуда, ба суолҳои иштирокчиён посух дод.

Бояд қайд намуд, ки дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Ҳисор ба номи Абурайҳони Берунӣ зиёда аз 3000 нафар хонандагон аз шаҳри Ҳисор таҳсил намуда, он яке аз муассисаҳои таълимии бонуфузи шаҳр ба ҳисоб меравад.