Баргузории чорабинии иттилоотӣ дар шаҳри Конибодом

0
44

10 декабри соли 2024 аз ҷониби филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар вилояти Суғд чорабинии иттилоотӣ дар шаҳри Конибодом ташкил карда шуд. Ин чорабинӣ дар Колеҷи тиббии шаҳри Конибодоми вилояти Суғд барои зиёда аз 30 нафар донишҷӯёни ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ Раъно Камолова, танзимгари барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ дар филиали ҶҲАТ дар вилояти Суғд дар бораи таъриху пайдоиши Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, принсипҳои бунёдӣ ва аломатҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар баромад намуд.

Сипас, Аминзода Нодир, ҳамоҳангсози барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ дар Кумитаи марказии ҶҲАТ ва Исмоилов Зафар, танзимгари барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстӣ дар филиали ҶҲАТ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон оид ба тарзҳои аъзошавӣ ва волонтёрӣ ба Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва филиалҳои он ба донишҷӯёни Колеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом маълумот дода, ба саволҳои донишҷӯён посухҳои мушаххас доданд.