Баргузории чорабинии Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

0
497

24 майи соли 2023 аз ҷониби кормандон ва волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии Моҳвораии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғози чорабинӣ Нодир Аминзода, масъули барномаи “Иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардустӣ”-и ҶҲАТ оид ба таъриху пайдоиши Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, баромад намуд.

Сипас, байни донишҷён маҳфили саволу ҷавоб вобаста ба Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва дигар мавзуҳои соҳавӣ ташкил карда шуд.

Дар ин чорабинӣ зиёда аз 150  нафар донишҷуёни гуруҳҳои гуногуни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолона иштирок намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба иштирокчиёни фаъол аз ҷониби ҶҲАТ туҳфаҳои хотиравӣ тақдик карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2011, №504 «Дар бораи тасдиқ намудани тартиб, шарт ва муҳлати гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмар» ҳамасола дар моҳи май бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар аз ҷониби намояндагони ҶҲАТ дар саросари ҷумҳури бо чорабиниҳои гуногун баргузор мегардад.

Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 25 майи соли 2023