Имрӯз чорабинии Моҳвораи Ҳилоли Ахмари Тоҷикистон аз ҷониби филиали Ҷамъияти Ҳилоли Ахмари Тоҷикистон дар ноҳияи Файзобод баргузор гардид. Ин чорабинӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1 ба номи Исмоили Сомонӣ бо иштироки 25 нафар хонандагон бо ташкили мусобиқаи шоҳмот ва шашкабозӣ гузаронида шуд ва шаш нафар ғолиб омад. Ба шаш нафар ғолибони чорабинӣ туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, шаҳри Душанбе, 29 майи соли 2023