5 майи соли 2023 дар доираи чорабиниҳои Моҳвораи Ҳилоли Аҳмар дар Колечи тиббии ш.Бохтар аз ҷониби филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон чорабинӣ бахшида ба Рӯзи тасисебии Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Ахмар баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, омӯзгорони колечи тиббии шаҳри Бохтар ва зиеда аз 200 нафар донишҷӯен иштирок намуданд.
Дар давоми ин чорабинӣ викторина оид ба таъриху пайдоиши Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Ахмар гузаронида шуд ва ғолибон аз ҷониби ҶҲАТ дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Бояд қайд намуд, ки Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 октябри соли 2011, №504 «Дар бораи тасдиқ намудани тартиб, шарт ва муҳлати гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмар» ҳамасола дар моҳи май аз ҷониби намояндагони ҶҲАТ дар саросари ҷумҳури бо чорабиниҳои гуногун баргузор мегардад.