Дар доираи моҳвораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва дар асоси нақша чорабиниҳо бахшида ба 95-солагии Ҷамъият аз ҷониби филиали ташкилот дар Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод ба шарафи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ гузаронида шуд.
Дар чорабинӣ раиси ноҳияи Файзобод, намояндагони мақомот, ҷавонон ва ихтиёрони филиали ҶҲАТ иштирок намуданд.
Котиби иҷроияи филиали ҶҲАТ дар ноҳияи Файзобод дар бораи фаъолияти Ҷамъяит суханронӣ намуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби волонтёрони филиали Ҷамъият ба сарбозоне, ки хизмати Ватанро адо кардаанд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
Маркази иттилоотии ҶҲАТ, 23 майи соли 2022