Дар доираи моҳвораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва нақша-чорабиниҳо бахшида ба 95-солагии Ҷамъият аз ҷониби филиали ташкилот дар шаҳри Левакант як зумра чорабиниҳо баргузор карда шуданд.
Аз ҷумла чорабиниҳои мазкур дар Қасри фарҳанг бо иштироки беш аз 300 нафар омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсейҳо, дар беморхонаи марказӣ бо иштироки 100 нафар ва дар шабакаи кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳри Левакант бо иштироки 20 нафар доир гардиданд.
Дар ин чорабиниҳо намояндаи Дастгоҳи марказии ҶҲАТ Нодир Аминзода низ иштирок ва дар бораи фаъолияти ташкилот суханронӣ намуд.