Баргузории чорабиниҳои гуногун оид ба огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо

0
222

Тибқи қатъномаи Ассамблеяи Генералии Созмони миллали муттаҳид (СММ) аз 8 декабри соли 2005, ҳамасола санаи 4 апрел расман Рӯзи Байналмиллалии кӯмак ба амалиёти зидди минаҳо эълон гардидааст.

Вобаста ба ин сана, волонтёрони  барномаи “Огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо”-и Филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шаҳру ноҳияҳои байнисарҳадӣ чорабиниҳои мухталифро байни хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва аҳолӣ  баргузор намуданд.  Ин аз гузаронидани сӯҳбату мулоқотҳо, тақсимоти маводи иттилоотӣ, ташкил намудани  мусобиқаҳои варзишӣ ва ғайра иборат буд.

Бояд қайд намуд, ки оғоз аз соли 2002 бо дастгирии молиявии Кумитаи Байналмиллалии Салиби Сурх (КБСС) дар минтақаҳои наздисарҳадӣ бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон волонтёрон дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмонидадиҳиро бурда истодаанд. Мақсади фаъолият, ин огоҳ сохтани мардум аз хатари минаҳои зиддипиёдагард буда, волонтёрон кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки шумораи ҳарчӣ бештари шунавандагонро фаро гиранд.