Баргузории чорабиниҳои иттилоотӣ дар вилояти Суғд

0
368

Бо мақсади паҳн намудани иттилоот доир ба фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) аз ҷониби кормандони масъули Филилали ҶҲАТ дар вилояти Суғд  дар якчанд шаҳру ноҳияи вилояти Суғд вохӯриву мулоқотҳо гузаронида шуданд.

  Яке аз чунин вохӯриҳо ин баргузории чорабинии иттилоотӣ санаи 11 октябри соли 2023 дар маркази ҷамоати Ҳамробоеви шаҳри Конибодом бо намояндагони ҷамоат мебошад. Дар рафти вохӯрӣ  доир ба  таърихи пайдоиши  Ҳаракати Байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, фаъолияти ҶҲАТ, аломатҳо, барномаҳои амалкунанда, санадҳои меъюриву ҳуқукӣ ва ғайра  маълумот дода шуд.  

Сипас, вохӯрӣ бо донишҷӯёни коллеҷи тиббии шаҳри Конибодом баргузор гардид, ки дар он устодон ва донишҷӯён дар теъдоди зиёда аз 140 нафар  иштирок доштанд.

Баъд аз баромад аз ҷониби иштирокчиён саволҳо оид ба барномаҳое, ки дар миқёси вилоят амалӣ мегарданд, манбаҳои даромади Ҳилоли Аҳмар, вазифа ва ӯҳдадориҳои аъзоён, волонтёрон ва кормандони  Ҳилоли Аҳмар дода шуданд.  Аз ҷониби ҳамоҳангсоз ба онҳо посухҳои мушаххас дода шуд.  

Бояд қайд кард, ки дар чорабинӣ Нуралиева Зулфия – ҳамоҳангсози барномаи “Хадамоти ҷумстуҷӯ” аз Кумитаи марказии ҶҲАТ ва Алиев Файзулло – котиби иҷроияи филиали ҶҲАТ дар шаҳри Конибодом иштирок доштанд. Дар навбати худ роҳбари филиал доир ба шомил шудан ба сафи аъзогӣ ва волонтёрӣ гуфта гузашт.  

Чунин вохӯриҳо дар МТМУ №1 ноҳияи Шаҳристон ва коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент низ гузаронида шуданд. Дар охир роҳбарияти коллеҷ хоҳиш намуданд, ки натанҳо  чунин вохӯриҳо, инчунин озмуну викторинаҳо, бахшида ба санаҳои таърихӣ, ба монанди Рӯзи таъсисёбии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон мунтазам гузаронида шаванд.

 Бояд қайд кард, ки дар шаҳри Панҷакент тариқи радиои шаҳрӣ ( мавҷи 105,1 FM) низ баромад карда шуд, ки он зиёда аз 70 000 шунаванда дорад.  Чунин баромадҳо барои паҳн намудани ҳарчӣ зиёди иттилоот доир ба фаъолияти ҶҲАТ ва дар умум Ҳаракати Байналмиллалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар мусоидат хоҳанд кард.

Камолова Р. – ҳамоҳангсози барнома дар вилояти Суғд