Баргузории чорабиниҳои Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ

0
28

16 майи соли 2024 дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон аз ҷониби филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) дар ноҳияи Рӯдакӣ якқатор чорабиниҳо баргузор гардиданд.

Ин чорабиниҳо дар муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 16-и ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ бо иштироки зиёда аз 300 нафар талабагон ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид.

Дар ин чорабиниҳо тарзҳои расонидани ёрии аввали то духтурӣ ва сипас, мусобиқаҳои варзишӣ ташкил карда шуданд.

Дар интиҳои чорабинӣ ба иштирокчиёни фаъол аз ҷониби роҳбарияти филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.