Баргузории чорабиниҳои Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт

0
141

14 майи соли 2024 дар ноҳияи Рашт бахшида ба Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон маъракаи иттилоотӣ баргузор гардид.

Ин чорабинӣ дар муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и деҳаи Шули ноҳияи Рашт бо иштироки талабагон ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид.

Дар оғоз намояндагони филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт оид ба Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва Моҳвораи Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон баромад намуданд.

Сипас дар байни  иштирокчиён маҳфили зарифон доир намуда, саволҳои гуногун оид ба таъриху фаъолияти  Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дода шуданд.

Ҳамчунин, озмуни расмҳои беҳтарин дар байни волонтёрон, талабагон ва омӯзгорон ташкил карда шуд.

Дар интиҳои чорабинӣ ба иштирокчиёни фаъол аз ҷониби роҳбарияти филиали Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.